қувват

қувват
I
[قوه // قوت]
а
1. зӯр, қудрат, нерӯ: қувваи ҷисмонӣ, қувваи бозу, қувваи даст, қувваи худро нишон додан, ба коре қувват расидан
2. тоб, тавон, тоқат, мадор, маҷол; қувваи коре надоштан маҷол надоштан барои иҷрои коре
3. маншаи моддии воқеъ гардидани коре ё имкони ҳусули чизе; тавоноӣ, зӯрӣ, иқтидор: қувваи табиат
4. бузургии ифодакунандаи таъсири механикии як ҷисм ба ҷисми дигар; инчунин дараҷаи шиддати он: қувваи барқ, қувваи бод, қувваи заминҷунбӣ (зилзила), қувваи рӯшноӣ, қувваи таркиш, қувваи марказгурез, қувваи марказрав; қувваи асп воҳиди дар механика маъруфи иқтидори мошин, муҳаррик ва ғ.
5. қобилияти ҳар як аз панҷ ҳисси инсон дар дарки олами беруна: қувваи биноӣ (босира), қувваи чашоӣ (зоиқа), қувваи ломиса, қувваи шунавоӣ (сомеа), қувваи бӯёӣ (шомма); қобилият, лаёқат; қувваи мардигарӣ қобилияти алоқаи ҷинсии мард, нерӯи шаҳвонии мард; қуввати масткунанда қобилияти мастиоварӣ, дараҷаи масткунӣ; қувваи чашм қобилияти биноии чашм; қувваи ҳофиза қобилияти дар ёд нигоҳ доштан
6. маҷ. истеъдод, табъ (хусусан дар суханварӣ); қувваи табъ истеъдоднокӣ, истеъдод
7. ҷамоат, табақаи ҷомеа, гурӯҳи одамон, ки дорои хислате ё мутааллиқ ба табақае ҳастанд: қувваҳои демократӣ, қувваҳои инқилобӣ, қувваҳои сулҳхоҳ (сулҳпарвар, сулҳҷӯ)…; қувваи коргарӣ қувваи қобили меҳнат; коргарон; қувваи корӣ // қувваи меҳнатӣ ниг. қувваи қобили меҳнат; қувваҳои шӯришгар ҷомеаи шӯришгар, шӯришчиён, исёнгарон; қувваи қобили меҳнат одамони барои кор кардан қобилиятдошта, мардуми қобили кор
8. маҷ. сипоҳ, лашкар, қӯшун: қувваи пешҷангӣ, қувваи эҳтиётӣ, таносуби қувваҳо; қувваи бегона сипоҳи аҷнабӣ; аскарони душман; қувваҳои мусаллаҳ артиш, нерӯҳои мусаллаҳ; қувваи ҷоннок аскарон, сипоҳиён (бе назардошти аслиҳа); қувваи ирода устувории ирода, матонат; қувваи кашиш нерӯи ба худ кашанда, қувваи ҷозиба; қувваи навозиш таъсири навозиш, эътибори меҳрубонӣ; қувваи ҷозиба а) қувваи кашиш; б) киноя аз ҷаззобӣ, диққатҷалбкунандагӣ; мувофиқи қувва ба қадри тобу тавон, тибқи тавоноӣ; ба қадри қувва мувофиқи қудрату тавоноӣ, алоқадри ҳол; бо қувваи… бо истифода аз…; ба воситаи…, тавассути…: бо қувваи ҳунарпешаҳо, бо қувваи силоҳ…, бо тамоми қувва бо тамоми тавоноӣ, бо истифода аз ҳамаи қувват; қувва гирифтан а) зӯру тавоно гаштан; мустаҳкам шудан; б) ба ҳол омадан қувват пайдо кардан баъди сиҳатёбӣ аз беморӣ; в) шиддат ёфтан, авҷ гирифтан (қувваи бод, гиря…); г) афзудан, зиёд шудан, густариш ёфтан (қувваи таассуби динӣ, таъсиру нуфузи касе…); қувва додан а) нерӯ бахшидан; ба ҳол овардан; б) тақвият додан, пурзӯр кардан, қувватнок кардан; густариш додан; қувват доштан а) соҳиби нерӯ ва иқтидор будан; б) эътибор доштан, таъсир доштан; қувват ёфтан а) ниг. қувват гирифтан; б) тақвият ёфтан (бо дастгирию ҷонибдорӣ); қувваи воҳима тасаввур, тасаввурот; қуввати дил а) қавикунандаи дил; б) маҷ. мададгори маънавӣ; қувваҳои сияҳкор нерӯҳои бадкирдор; гурӯҳҳои зишту табаҳкор; қуввати дил шудан боиси дилбардорӣ ва тасаллии хотир шудан; дили касе қувват гирифтан осуда шудан, тасаллӣ ёфтан; далер шудан; оташи касеро қувват додан хашму ғазаби касеро зиёд кардан; сухан (ё фикр)-и касеро қувват додан ба сухан (гап) ё фикри касе ҳамроҳ шуда, онро тасдиқ ва таъкид кардан, тақвият додан; аз қувват афтидан (мондан, рафтан) беҳолу бемадор гардидан; аз қуввати касе истифода бурдан аз кору меҳнати касе фоида бурдан; ба қувват омадан ба ҳол омадан, қувват гирифтан, қувват пайдо кардан; ба дили касе қувват додан эътимоду боварии касеро зиёд кардан (барои иҷрои коре); ҷуръатнок кардан; далер кардан; қуввати коре набудан маҷоли иҷрои коре надоштан
II
[قوت]
ниг. қувва

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужен реферат?

Полезное


Смотреть что такое "қувват" в других словарях:

  • пурқувват — [پرقوت] 1. пурзӯр, нерӯманд, боқувват 2. пуриқтидор, қудратнок, муқтадир; пурқувват гардидан (шудан) пурзӯр гаштан, қувват гирифтан; пурқувват кардан пурзӯр намудан, қувват додан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • беқувват — [بي قوت] бемадор, беҳол, суст; камқувват, камзӯр: беқувват будан, беқувват шудан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • боқувват — [باقوت] 1. зӯр, тавоно, қавӣ, бақувват; тануманд; солиму бардам 2. қувватдиҳанда; серғизо, ғизобахш: хӯроки боқувват 3. маҳкам, мустаҳкам, сахт: иморати боқувват …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • бақувват — [بقوت] 1. ниг. боқувват 2. маҷ. сахт, маҳкам; доштнок: матои ғафси бақувват …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • бақувватӣ — [بقوتي] ниг. боқувватӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • боқувватӣ — [باقوتي] боқувват будан, зӯрӣ, тавоноӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • камқувват — [کم قوت] он чи зӯру тавоноиаш зиёд нест; муқоб. пурқувват …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • беқувватӣ — [بي قوتي] бемадорӣ, сустӣ, заъф …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • камқувватӣ — [کم قوتي] камзӯрӣ, нотавонӣ, сустӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • соҳибқувват — [صاحب قوت] қавӣ, зӯр, пурзӯр …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»